Чаппа шудани автомашина аз баландии 20 метр
30-юми ноябри соли 2024, тахминан соати 15:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Чанху”, Қосимов Муним Дониёрбекович, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Шуғнон, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ишкошим ба самти шаҳри Хоруғ дар километри 22-юми ҷамоати деҳоти Ғ.Шаҳбозов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаи мазкурро аз баландии 20 метр ба дарёи Ишкошим чаппа намуда, ғарқ шудааст.
Барои дарёфт намудани ҷасади ронанда Қосимов М.Д. корҳои ҷустуҷуӣ идома доранд.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.