Ғолибияти футболбозони Тоҷикистон
Аз 21 то 24 ноябри соли 2024 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми кушоди Аврупо» оид ба футболи хурд миёни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай (ШОС) баргузор гардид.
Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро футболбозони дастаи «Динамо»-и ВКД дар якҷоягӣ бо дастаи «Истиқлол» муаррифӣ карданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар он варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Сербия ва Туркия иштирок намуданд.
Ҳамин тавр, дастаи Тоҷикистон дар марҳилаи аввал бо дастаи «Ҷавонони мунтахаби Федератсия Россия» рақобат намуда, ғолиб омаданд. Дар марҳилаи баъдӣ бошад, дастаи кишвари мо бо дастаи Ҷумҳурии Беларус ба майдон баромада, тими ҳарифи навбатиашонро низ бо ҳисоби 4 бар сифр мағлуб сохтанд. Дар сабқати навбатӣ низ бо дастаи Ҷумҳурии Туркия рақобат намуда, бо ҳисоби 3:0 ғолиб омаданд.
Дар рақобати ниҳоӣ, ки миёни дастаи Тоҷикистон ва мунтахаби миллии Россия доир гашт, дар натиҷа, 1:0 ба фоидаи соҳибони мусобиқа ба поён расид.
Дар натиҷа, дастаи футболбозони кишвари мо дар ин мусобиқа, ки бо иштироки 8 тим баргузор гардид, мақоми дуюмро касб намуданд.