Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳолатҳои қаллобӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ки соли 2019 бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда, 13-уми октябри соли 2024, бо роҳи фиреб ба боварии марди 31-солаи сокини шаҳри Панҷакент даромада, аз ӯ ду адад автомашинаи тамғаҳои «Кия Рио” ва “БМБ Х1»,-ро ки арзишашон 43 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, гирифта, ваъда додааст, ки бар ивази маблағашон дар муҳлати 10 шабонарӯз масолеҳи сохтмонӣ медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст. 
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 3 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 48-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда, бо роҳи фиреб ба боварии марди 39-солаи сокини шаҳри Истаравшан даромада, 18 сентябри соли 2019 бо автомашинаи боркаши тамғаи «Мерседес-Бенс» барои то шаҳри Пензаи Федератсияи Россия бурдани 20 тонна ангур ба маблағи 36 ҳазор доллари амрикоӣ маслиҳат намуда, нархгузорӣ намудааст. 
Аммо гумонбаршаванда пас аз расидан ба шаҳри Пензаи Федератсияи Россия ангурҳоро фурӯхта, маблағи ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо банди «б» қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии  Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

30.11.2024 15:00
26