Боздошти ноболиғи 14-сола бо ҷурми роҳзанӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 14-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 10-уми сентябри соли 2024, ҳангоми дар ҳудуди хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе қарор доштанаш ба назди ноболиғи 10-солаи сокини шаҳри Душанбе омада бо ӯ ҳамсӯҳбат шуда хоҳиш намудааст, ки дучархаи барқиашро ба ӯ диҳад, аммо ноболиғи мазкур хоҳиши ӯро рад кардааст.
Сипас гумонбаршаванда ба ғазаб омада, бо корди дар дасташ буда ҷабрдидаро таҳдид намуда, дучархаро гирифта аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 1 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.