Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба идоракунии ислоҳоти милитсия - гурӯҳи кории сатҳи сиёсӣ

28-уми ноябри соли 2024 дар "Меҳмонхона - истироҳатгоҳи лаёқатмандон"-и ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон дар доираи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари барномавии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷӣ, Сафирони ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Озорбойҷон, Ҷопон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва сафири  Дафтари Барномавии САҲА дар Тоҷикистон, инчунин намояндагони сафоратхонаҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ҷумҳуриҳои Туркия, Ӯзбекистон, Исломии Эрон, Ҳиндустон, Федератсия Россия, ташкилотҳои байналмилалии UNODC, Helevetas tj, ки дар Тоҷикистон аккредитасия шудаанд, ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба идоракунии ислоҳоти милитсия - гурӯҳи кории сатҳи сиёсӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
Ҷаласа зери роҳбарии муовини Вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Муборакшозода Ғайратшо Ғуломшо баргузор гардида, дар кори он раванди ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи политсия",  хулосаи коршиноси байналмилалӣ оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи политсия" ва дигар масъалаҳои қобили таваҷҷуҳ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар ҷараёни ҷаласа оид ба масъалаҳои болозикр аз ҷониби иштирокчиён таклифу пешниҳодҳои мушаххас манзур карда шуда, зикр гардид, ки онҳо омодаи ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ дар самти татбиқи раванди амилишавии ислоҳоти милитсия  мебошанд.
Дар қисмати дуюми рӯз дар доираи барномаи баргузории ҷаласаи мазкур меҳмонон аз мавзеъҳои таърихии ноҳияи Ховалинг, аз ҷумла Оромгоҳи Султон Увайси Қаранӣ ва Осорхонаи таърихии Кишваршиносии Қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ, дидан намуданд.
Гул Маҳбуба, Фаррух Самадзода

29.11.2024 11:22
172