Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани қаллобӣ вобаста ба манзили истиқоматӣ  

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат аризаи марди 55-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 6-уми апрели соли 2024, марди 35-солаи сокини ҳамин шаҳр бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1 миллиону 72 ҳазору 500 сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки аз кӯчаи Рӯдакии шаҳри Ваҳдат ба ӯ манзили истиқоматӣ (390 метри мураббаъ) гирифта медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накарда, маблағашро барнагардонидааст. 
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

26.11.2024 16:49
33