Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинар – машварат дар самти фаъолияти кадрӣ

25 ноябри соли 2024  дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд барои кормандони хадамоти кадрии дастгоҳи марказии Раёсат, ҷузъу томҳо ва шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо ташаббуси Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД семинар-машварати омӯзишӣ дар мавзӯи «Такмили заминаҳои ҳуқуқии хадамоти кадрии мақомоти корҳои дохилӣ» баргузор гашт.
Мавриди қайд аст, ки чорабинии таълимӣ-омӯзишии мазкур характери роҳнамоӣ дошта дар асоси дастуру супоришҳои Вазири  корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо иштироки сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД генерал-майори милитсия Халилзода Ҳусейн Собир ҷараён гирифт. Ҳадафи гузаронидани семинар - машварати омӯзишӣ муаррифии санадҳои меъёри-ҳуқуқии дар таҳрири нав қабулшудаи самти фаъолияти кадрӣ буд, ки дар соли равон дар натиҷаи омӯзиш коркард ва вобаста ба талаботи замон ба онҳо тағйирот ворид шудааст. 
То оғози семинар ба намояндагони шуъбаву хадамотҳо фармоишу дастурамал ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии дар таҳрири нав омода шуда дастрас гардид.
Семинари омӯзиширо муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд полковники милитсия Ҳотамшо Содиқзода оғоз бахшида, баргузории онро барои беҳбуд бахшидан ба фаъолияти кадрӣ ба маврид хонд. 
Сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД генерал-майори милитсия Халилзода Ҳусейн Собир зимни маърӯза фаъолияти бонизому босифат дар фаъолияти кадрӣ, интихоби номзад ва ҷо ба ҷо гузории дурусти кадрҳо, тарбия ва дарёфти кормандони болаёқат барои пешбарӣ ба вазифаҳои роҳбарикунанда, қадршиносии кормандон барои ноил шудан ба натиҷаҳои баланди хизматӣ, ташкили курсҳои бозомӯзи дар заминаи Академияи ВКД, таваҷҷуҳ кардан ба сатҳи саводнокӣ, омӯзиш ва донистани на кам аз ду забони хориҷӣ, санҷиши ҳаматарафаи номзадҳои ба кор дар мақомот таъин шаванда, пешгирӣ аз таъиноти кадрҳои тасодуфӣ ба сохторро омили асосии таъсирасонанда ба пешрафти кор дар мақомоти корҳои дохилӣ унвон карда, ба масъулин дастурҳои муҳими хизматӣ дод. 
Мавсуф таъкид намуд, ки ҷиҳати такмили заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти хадамоти кадрии мақомоти корҳои дохилӣ давоми соли 2024 -12 адад санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти кадрии мақомоти корҳои дохилӣ дар  таҳрири нав омода карда шуда, бо фармоишҳои Вазири корҳои дохилӣ қабул гардиданд. Маҳаки асоси ин ташаббус пеш аз ҳама таъмини дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, ба меъёрҳои қонунгузорӣ мутобиқ сохтани санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилиидоравӣ, муддатҳои тулонӣ бе тағйир мондани баъзе аз санадҳо, ки ба талаботи фаъолияти амалии кадрӣ мухолифат мекарданд, аз ҷиҳати грамматикӣ ва мазмун мавҷудияти хатогиҳо, ба талаботи замона ва таҷрибаи амалӣ суфтаю таъсирбахш ва мутобиқсозии санадҳои таҳриршуда буд. Ҳамзамон дар заминаи қабул гардидани 12 санади зикргардида бо назардошти таҷрибаи амалӣ 15 фармону фармоишҳои ВКД аз эътибор соқит карда шуданд.
Сардори Раёсати кадрҳои ВКД бо пеш овардани мисолҳои воқеъӣ вобаста ба самти фаъолияти кадрӣ аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки дар иҷрои вазифаи хизматӣ ташаббускор бошанд ва барои боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти МКД дар таҳияи лоиҳаҳои танзимкунандаи дохилиидоравии соҳаи кадрии ВКД иштирок намоянд. Зеро бо талаботи замон муносибатҳои ҷамъиятӣ тағйир ёфта, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ низ бояд ба замона мутобиқ карда шаванд.
Бахши амалии семинар-машварати омӯзишӣ бо пешниҳоди 4 маърӯзаи таҳлилӣ-методӣ аз ҷониби гуруҳи кории Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД ҷараён гирифт. Муовини сардори Раёсати мазкур полковники милитсия Эраҷ Каримзода, сардори шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД подполковники милитсия Мубашир Тавҳидзода, корманди шартномавии МКД полковники мустаъфии милитсия Шарифзода Фирдавс Ҷумъа ва нозири калон оид ба супоришҳои махсусан муҳими РК ва КҲШ ВКД капитани милитсия Амирзода Саидаҳмад Амир дастурдиҳандагон дар мавзӯъҳои гуногун оид ба барномаи семинар-машварат буданд.
Вобаста ба мазмуну муҳтавои фармоишу дастурамалҳои тағйирёфта, такмили заминаҳои ҳуқуқии хадамоти кадрии мақомоти корҳои дохилӣ, раванди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт, тартиби интихоби номзадҳо барои хизмат дар сохтори МКД ва барасмиятдарории парвандаҳои шахсии ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомот, таҳия ва додани шаҳодатномаи хизматӣ ба корманд, додани рақами шахсӣ, тартиб додани варақаҳои ҳисоботӣ ва дигар раванди ҳуҷҷатгузории фаъолияти кадриро дастурдиҳандагон озоду ошкоро ба ҳозирин маълумот доданд.
Дар ҷараёни ҳар як маърӯза иштирокчиён имкон доштанд оид ба мушкилоти дар амалия рӯ ба рӯ шаванда дар баробари маърӯзачиён андешаронӣ намуда аз ҷониби мутахассисони сохтори кадрии РК ва КҲШ ВКД маълумоти саҳеҳи хизматӣ гиранд.
Дар хотима аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки дар баробари дар байни ҳайати шахсӣ ба роҳ мондани омӯзиши пурра ва ҳаматарафаи 12 санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар таҳрири нав чоп гардида, ҳамзамон муҳтавои мавзӯҳои дар семинар-машварати омӯзишӣ баррасигардида ба маълумоти ҳайати шахсӣ расонида шавад. То ин, ки кормандон аз навгониҳо бохабар ва талаботи роҳбарияти ВКД-ро риоя намоянд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия

26.11.2024 15:33
167