Ҳам нишони нангу ору ҳам матонат парчам аст!
22-юми ноябри соли 2024 дар толори асосии Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бо иштироки сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зубайдулло, муовини сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Каримзода Эраҷ, дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД подполковники милитсия Самеъзода Бахтиёр Салим ва ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо даровардани Парчами миллӣ ба толор зери садои оркестри нафасӣ ва хондани Суруди миллӣ аз ҷониби ҳайати шахсӣ оғоз гардид.
Сипас муовини сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Каримзода Эраҷ меҳмононро хайрамақдам гуфта, ҳозиринро бо ин санаи фархунда табрику муборакбод намуд.
Дар ҷараёни чорабинӣ баромадкунандагон доир ба аҳамияти таърихӣ ва ҳуқуқии парчами миллии тоҷикон маълумоти ҷолиб ба ҳозирин пешкаш намуданд.
Зикр гардид, ки дар таърихи ҷаҳон парчам аз давраҳои қадим ҳамчун рамзи давлатдорӣ истифода мешуд. Парчами давлатии Тоҷикистон ифодагари мақсаду маром, таҷассумгари давлатдории миллати куҳанбунёди мост.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва размҳои давлатдории тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад».
Дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии давлат мебошад. Эълон шудани Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи фараҳбахш буда, баргузории он дар замири ҳар фарди ватандӯст ва сокини Тоҷикистони азиз эҳсоси дӯст доштан ва парастиш кардани ин марзу бумро дучанд менамояд.
Парчами миллии имрӯзаи давлати Тоҷикистон ҳамчун рамзҳои дигари давлатӣ рамзи истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат, дорои рамзҳои нек буда, симои воқеӣ ва таърихии онро дар намуди ба худ хос инъикос мекунад. Дар он тасвири рангҳои сурх, сафед ва сабз, талошу мубориза ва саъю кӯшиши халқи тоҷикро баҳри озодиву истиқлол, худшиносию меҳанпарастӣ ва ихтиёр намудани зиндагии орому осоишта, арзандаю поянда, осудаву устувор ифода мекунад. Он рукни асосии муқаддасоти миллӣ ба шумор меравад.
Бо дидани парчам ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан боло мегардад. Дар тамоми кишварҳои ҷаҳон аз ҷониби шаҳрвандон нисбат ба рамзҳои давлатӣ садоқату эҳтиром зоҳир карда мешавад.
Ҳифзу эҳтироми парчам анъанаи неки ниёгон буда, имрӯз низ ин анъана таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақвият ёфта, дар даврони Истиқлол нурафшон гардидани баландтарин Парчами давлатӣ дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе идомаи пос доштани суннатҳои халқамон дониста мешавад.
Парчами давлатӣ рамзи истиқлол ва дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.
Тавре шоир фармуда:
Ҳам нишони нангу ору ҳам матонат парчам аст,
Ҳам ливои ваҳдату амну амонат парчам аст.
Дар хотимаи чорабинӣ зери садои оркестри нафасӣ Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳайати шахсӣ ба таври зинда хонда шуда, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз толор бароварда шуд.
Гул Маҳбуба