Боздиди Вазири корҳои дохилӣ аз ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа»
21-уми ноябри соли 2024 Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро зимни боздид аз ҳафтаномаи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии «Қонун ва ҷомеа»-и ВКД бо корҳои ободонӣ ва таъмиру таҷдид дар ин корхонаи воҳиди давлатӣ шиносоӣ пайдо намуда, бо ҳайати шахсии он ҳамсӯҳбат шуд.
Вазири корҳои дохилӣ ҳангоми ташриф аз ҳуҷраҳои сардабир, ҳайати эҷодӣ ва муҳосиботи ҳафтанома дидан карда, аз сатҳу сифати корҳои анҷомдодашуда изҳори қаноатмандӣ намуд.
Вазири корҳои дохилӣ бо ҳайати эҷодӣ ва кормандони ин нашрияи соҳавии ВКД барору муваффақият таманно намуда, аз саҳми воситаҳои ахбори омма дар тарғибу ташвиқи ғояҳои ватандӯстиву хештаншиносӣ ва муаррифии бештари дастовардҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар солҳои соҳибистиқлолӣ сухан ронда, кормандонро ба садоқат ба касб ва иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳидоят намуд.
Кормандони ҳафтаномаи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии «Қонун ва ҷомеа» дар навбати худ миннатдории самимии худро ба роҳбари аввали ВКД расонида, аз ташрифи Вазири корҳои дохилӣ ба ин даргоҳ изҳори хушнудӣ намуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки ин бино аз солҳои 1970 инҷониб таъмир карда нашуда буд ва бо дастгирии пайвастаи Вазири корҳои дохилӣ ҳуҷраҳои кории кормандони ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа» аз таъмири асосӣ бароварда шуда, шифту фарши он азнавсозӣ карда шуда, бо шароити мусоид ҷиҳати пешбурди кору хизмат, аз ҷумла таҷҳизоти техникӣ ва мизу курсии наву замонавӣ таъмин гардиданд.
Пас месазад гуфт, ки бино симои худро тамоман дигар намуда, дар гирду атрофи он ниҳолҳои мевадиҳандаю ороишӣ ва дар саҳни ҳавлӣ гулҳо шинонида шудааст, ки фазои эҷодиро боз ҳам зебою фараҳафзо гардонидааст.
Н. Ҷобиров