Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Озмуни “Беҳтарин забондон” дар  ВКД

«Забон ойинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад  ва  мо  бояд  ба  қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем».
                                                                                                                                                                                                                   Эмомалӣ Раҳмон
Забон воситаи муомилот ва муоширати одамон  буда, донистани ин ё он забон ба кас имконият медиҳад, ки аз бурду бохт, имконияту вазъият ва камбудию талаботҳои рӯзмарраи ҳаёт огаҳ гардад. Донистани забонҳо ин донистани таърихи  халқияту  миллатҳои  дигар ва кулли дигаргуниҳои олам аст. Омӯзиши забони русӣ чун забони муоширати байни миллатҳо ва забони англисӣ ҳамчун забони хориҷии дар ҷаҳони муосир  аз ҳама зиёд паҳншуда, инчунин, аз худ кардани нутқи намунавӣ бо ин забонҳо барои тарбияи шахсияти забондон, рушди сифатҳои маънавӣ ва қобилиятҳои эҷодии ӯ ва шинос шудан бо фарҳанги рус, англис ва ҷаҳон нақши пешбаранда дорад. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олӣ дар баробари  мавзуъҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа, ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забонҳои русӣ ва англисӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, қайд намуданд, ки мо омӯзиш ва аз худ кардани забонҳоро на барои худнамоӣ, балки бо мақсади маърифатнок гардонидани ҷомеа густариш медиҳем. Донистани забонҳои дигар миллатро ба  бузургӣ, воломақомӣ ва давлатро ба пешравию комёбиҳо ноил мегардонад. Забондонӣ дар ҳар давру замон падидаи нек аст ва шахси  забондон  чун  шамъи фурӯзон ва маҷлисорои ҳамаи анҷуманҳост.  Дар ВКД ва ҷузъу томҳои он масъалаи   аз худ кардани забонҳои хориҷӣ таҳти назорати роҳбарияти ин ниҳоди қудратӣ, бахусус Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия муҳтарам Раҳимзода Рамазон   Ҳамро қарор дорад.
Санаи 15-уми ноябри соли 2024 бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВКД даври якуми  озмуни “Беҳтарин забондон” (забонҳои русӣ ва англисӣ) дар байни кормандзанони  Вазорати корҳои дохилӣ баргузор гардид. Озмун аз номинатсиҳои зерин иборат буд:
-    Саволҳо аз фанҳои забони русӣ ва англисӣ бо тариқи тестӣ.
-    Кори хаттӣ (диктанти санҷишӣ) аз фанҳои номбурда.
-    Худмуаррификунӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ.
-    Хонда ва тарчума кардани матнҳо аз забони русӣ ба забони англисӣ ва аз забони англисӣ ба забони русӣ.
-    Суҳбати озод бо забонҳои зикргардида.
Даври ҷамъбастии озмун  10 - уми декабри соли 2024 дар байни ғолибони даври якуми озмуни зикргардида баргузор мегардад. Ғолибони озмун дар ҷаласаи ҷамъбасти солонаи фаъолияти Ассотсиатсияи шурои занони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳо сарфароз мегарданд.


Раиси Ассотсиатсияи
шурои занони ВКД
полковники милитсия                                                                                                                                                                                     Давлатшозода Азиза

20.11.2024 16:59
88