Ошкор шудани қаллобӣ вобаста ба ҳуҷҷатгузорӣ намудани манзили истиқоматӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 57-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 27-уми майи соли 2021, бо роҳи фиреб ба боварии марди 38-солаи сокини ноҳияи Муминобод даромада, аз ӯ маблағи 24 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда медиҳад, ки мазили истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Ҷ.Расулови шаҳри Душанберо ҳуҷҷатгузорӣ намуда ба ӯ медиҳад, аммо гумонбаршаванда маблағи гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.