Се ҳодисаи нақлиётии марговар дар як рӯз
18-уми ноябри соли 2024, тахминан соати 07:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай Элантра”, Имомалиев Суҳроб Сафаралиевич, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Шамсӣ аз тарафи кӯчаи А.Сино ба самти кӯчаи Б.Ғафуров, дар наздикии бинои нозироти Андози шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс-906”, таҳти идораи ронанда Шарипов Сафарали Мирзоалиевич, соли таваллудаш 1989, сокини пойтахт бархӯрда, баъдан ба канори чапи роҳ баромада, ба сутуни аломатҳои пиёдагардон бархӯрда автомашинаро чаппа карда, ба пайраҳаи пиёдагардон гузашта, пиёдагард Набиева Садоқат, соли таваллудаш 1979, сокини шаҳри Ваҳдатро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Набиева С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона дастрас шуда, дар он ҷо ба ҳалокат расидааст.
18-уми ноябри соли 2024, тахминан соати 11:00, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “МАЗДА”, Тоиров Қосимҷон Умарович, соли таваллудаш 1968, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба самти шаҳри Бохтар дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Тайота-Версо”, таҳти идораи Комилов Нурмуҳаммад, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Ҷайҳун бархӯрдааст.
Дар натиҷа, автомашинаи тамғаи “Тайота-Версо”, ба дохили заҳбури обгузари қади роҳ чаппа шуда, мусофири дохили автомашина Қурбонзода Меҳрона, соли таваллудаш 2006, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҷароҳатҳои вазинини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
18-уми ноябри соли 2024, тахминан соати 15:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай Старекс”, Чоршанбиев Аловат Душанбиевич, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Шуғнон, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Хоруғ ба самти ноҳияи Шуғнон, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Поршинев дар киллометри 584-ум аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Палаев Руслан Додалиевич, соли таваллудаш 2016, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Палаев Р.Д. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.