Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

СУХАНРОНӢ

Соли 2014 барои сокинони кишвар, соли бобарору хотирмон буд. Бо иқдому ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садҳо корхонаву муассисаҳои саноатию кишоварзӣ, илмию таълимӣ, варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки имрӯз онҳо барои рушду нумуъ, некуаҳволӣ ва боло бурдани тамоми самтҳои зиндагӣ хизмат мекунанд.

Боварӣ дорам, мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон ва Шумо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо дарки баланди масъулият, садоқат ба Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои олии давлату миллат талошу кӯшиши худро барои рушду тараққиёт ва ҳимояи дастовардҳои беназир ба харҷ медиҳед.

Бигзор Соли нав барои Шумо соли муваффақияту комёбиҳо ва амали гардидани орзуву ормонҳо бошад. 

Ҳозирини гиромӣ! 

Дар толори қисми низомии 5453-иҚушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ пешвоз гирифтани Соли нави 2015 бесабаб нест. Зеро Қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ сипари боэътимоди Ватан ва кафили суботу оромӣ дар кишвар ба ҳисоб рафта, ҳайати шахсии он дар таҳкими истиқлолият ва ба даст овардани сулҳу пойдорӣ, халъи силоҳи ғайриқонунӣ, таъмини амнияти кишвар ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ҳиссагузорӣ намудаанд. 

Аз рӯзи таъсисёбӣ афсарону сарбозони ин ниҳод  аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт, мактаби мардонагӣ ва муборизаву набрдҳои сангин сарбаландона гузашта, барои ҳифзи обу хоки сарзамини аҷдодӣ ва ҳимояи дастовардҳои Истиқлолият хизмати содиқонаву арзандаи худро ба ҷой оварданд.

Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, махсусан қисми ҳарбие, ки мо дар он имрӯз Соли навро ҷашн  гирифта истодаем, таърихи кӯҳан дошта, бо анъанаҳои беҳтарини сарбозонаш, аз қабили ватандустӣ, дӯстию рафоқат, мардонагӣ ва ҷасорат  ифтихор дорад.

Шумо ҳамчун ворисони Исмоили Сомонӣ, давомдиҳандагони корнамоии падарону бобоён ва аҷдодони  гузаштаи миллати худ мебошед.

Хизмат дар Қӯшунҳои дохилӣ барои ҳар яки шумо шарафи бузург мебошад, зеро дар сафи он Шумо на танҳо сарбози қаторӣ инчунин як фарди масъул дар таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ ба хизмат ҷалб гардида, дониши ҳуқуқӣ ва рафтору  муоширатро бо шаҳрвандон аз худ менамоед.

Бо шарофати заҳмату ранҷи онҳое, ки дар набардҳо ва муборизаҳо баҳри расидан ба Истиқлолияти воқеӣ иштирок карда, сулҳу оромиро пойдор намуданд, Тоҷикистон рӯз аз рӯз ободу зебо ва тамоми соҳаҳои ҳаёти мардум рушду инкишоф меёбанд

Дар якчанд соли охир бо дастгирии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити моддӣ-маишӣ ва техникии қисмҳои ҳарбӣ беҳтар гардида, истеъдоду малакаи касбӣ хело боло рафтааст.

Санаи  26 августи соли 2014 Сарвари давлат аз қисми низомии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дидан намуданд. Бояд таъкид намуд, ки қисми низомии мазкур пурра аз таъмир бароварда шуда, якчанд биноҳои наву замонавӣ аз қабили бинои сеошёнаи ситод, толори маҷлисгоҳ, толори варзишӣ, майдончаи варзишӣ, ошхона барои афсарон ва сарбозон, хонаи компютерӣ, сартарошхона, сехи дузандагӣ, бунгоҳи тиббӣ, ҳаммом, хонаи вохӯрии волидайн бо сарбозон ва бинои дуошёна барои афсароне, ки дар ҳудуди қисми низомӣ зиндагӣ менамоянд ва дигар нуқтаҳои моддию маишӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки қисми низомии 3502-и Қӯшунҳои дохилӣ, яке аз қисмҳои низомии беҳтарин дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, Сарвари давлат корҳои ободонию созандагӣ ва таъмиру азнавсозиро дар он дар сатҳи аъло арзёбӣ намуданд.

Ҳамзамон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи таҷлили Иди касбии кормандони милитсия дар соли равон, ки хеле бошукӯҳу хотирмон гузашт, ба фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, саҳми онҳо дар таъмини суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ баҳои баланд доданд. 

Корҳои таъмиру азнавсозӣ дар қисми низомии 5453 низ оғоз гардиданд.

Имрӯз дар арафаи Соли нав ҳамчун тӯҳфаи солинавӣ мо ҳамом, ҷойи либосшӯӣ, сартарошхона, толори варзишӣ, толори маҷлисгузаронӣ ва системаи гармидиҳии мутамарказонидашударо мавриди истифода қарор додем, ки ин аз беҳдошти шароити моддӣ-маишии афсарону сарбозон шаҳодат медиҳад.

Бояд таъкид намоям, ки ин марҳилаи аввалин корҳои таъмиру азнавсозӣ дар қисми мазкур мебошад.

Боварӣ дорам, баъди анҷоми корҳои бунёдкорию азнавсозӣ қисми ҳарбии 5453 низ яке аз қисмҳои намунавӣ мегардад. 

Имрӯз барои иштирок дар маросими ба истифода додани биноҳои таъмиршудаи қисми ҳарбии 5453 ва таҷлили Соли нав муовинони Вазир ва сардорони Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ даъват шуданд, ки ҳамаи онҳо дар таъмиру азнавсозии биноҳои қисми мазкур, саҳмгузор мебошанд.

Инчунин онҳо бо дастовезҳо барои сарбозон ба қисми ҳарбии 5453 ташриф овардаанд. 

Ҳозирини гиромӣ!

Бори дигар Шумо ва дар симои Шумо тамоми кормандони мақомоти корҳои дохилиро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрику муборакбод намуда, бароятон сарсабзиву сарбаландӣ, хуррамиву нишот ва барои амалӣ гардидани орзуву оромонҳоятон муваффақияту комёбӣ  таманно менамоям.

Барои болида доштани табъи шумо ва истироҳати хубу бофароғат консерти ансамбли «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилӣ, ансамблҳои «Фалак», «Гулшан» ва филармонияи давлатии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур мегардад. 

СОЛИ НАВ МУБОРАК БОШАД! 

30.12.2014 20:40
16