Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷрибаомӯзии гурӯҳи кории ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коркарди лоиҳаи "Милитсияи патрулӣ" 

15 ноябри соли 2024 дар доираи Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025 ва  гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилӣ оид ба коркарди лоиҳаи "Милитсияи патрулӣ" зери роҳбарии Ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло ба шаҳри Дублини  Ҷумҳурии Ирландия сафари омӯзишӣ анҷом доданд.
Ҳайати гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилиро дар Ҷумҳурии Ирландия намояндагони Сафорати Иёлоти Муттаҳида Амрико дар Тоҷикистон  ҳамроҳӣ менамоянд.
Дар ҷараёни сафар ҳайати гурӯҳи корӣ нахуст аз фаъолияти Маркази эътинои фаврии Гарда Шиханаи шаҳри Дублин шинос шуданд.
Ҳайати Тоҷикистонро сардори Маркази мазкур Комиссар Дрю Харрис ба ҳузур пазируфта, аз ташрифи меҳмонон ба Ҷумҳурии Ирландия изҳори хушнудӣ намуд ва вобаста ба тартиби ташкили фаъолият ва таҷрибаи Маркази эътинои фаврӣ маълумоти мушаххас дод. 
Ҳамчунин, дар нимаи дуюми рӯз ҳайати гурӯҳи корӣ аз фаъолияти Идораи политсияи минтақавии шаҳри Дублин дидан намуданд.
Зимни ташриф ба ҳайати гуруҳи корӣ тавассути рӯнамо (презентатсия) оид ба фаъолияти политсия ва ҳамкории мутақобилаи онҳо бо ҷомеаи шаҳрвандӣ маълумот дода шуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо аз малакаву таҷрибаи ҳамдигар бархурдор гардида, барои вусъатёбии фаъолият дар самти ҳамкории милитсия бо ҷомеа табодули афкор намуданд.
Мавриди қайд аст, ки сафари мазкур бо дастгирии Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, тибқи нақша сафари гурӯҳи корӣ ба Ҷумҳурии Ирландия то 23 ноябри соли 2024 идома меёбад.   

18.11.2024 15:16
70