Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ду ҳодисаи нақлиётии марговар дар Панҷакент ва Кӯшониён

16-уми ноябри соли 2024, тахминан соати 17:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Портер», Ғоибов Фаррух Саъдиевич, соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри Панҷакент, дар ҳолати мастӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҳудуди деҳаи Ёрии шаҳри Панҷакент бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, дучархарони хурдсол Ибодов Файзулло, соли таваллудаш 2020, сокини шаҳри Панҷакентро пахш намудааст.
Дар натиҷа, дучархарони хурдсол Ибодов Ф. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 
17-уми ноябри соли 2024, тахминан соати 14:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Аванте”, Холов Аминҷон, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Кӯшониён ҳангоми аз самти шаҳри Леваканд ба самти ноҳияи Данғара ҳаракат намудан, дар ҳудуди роҳи мошингарди ноҳияи Кӯшониён аз уҳдаи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ ҳаракат карда, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, ки таҳти идораи Давлатов Рамазон, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Кӯшониён қарор дошт, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” Давлатов Р. ва мусофираш Давлатова Ҷаҳонгул Ҳафизовна, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Кӯшониён дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.
Инчунин ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Аванте” Холов А. ва мусофиронаш ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

18.11.2024 15:09
33