Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаҳонеро ба дониш тавон ёфтан…

Дар вохӯрие, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе доир гардид, масъалаҳои марбут ба пешгирии ҳолатҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, амалигардонии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», пешгирии оворагардиву муноқишаҳои гурӯҳии мактаббачагон, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи созандагию бунёдкорӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Пеш аз оғози ҷамъомади мазкур аз ҷониби кормандони Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони (РОПҲНҶ) ВКД видео-ролики тарбиявӣ оид ба таъсири ногувори бозиҳои компютерии хусусияти зӯроваридошта ба руҳияи наврасон, ки дар бисёр маврид боиси даст задани онҳо ба ҳар гуна амалҳои қонуншиканӣ, аз ҷумла ба муноқишаҳои байни мактаббачагон мегарданд, манзури хонандагону омӯзгорон ва волидон гардонида шуд.
Пас аз тамошои ин наворҳои хусусияти тарбиявидошта, ҷамъомадро муовини якуми сардори РОПҲНҶ ВКД полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ оғоз бахшида, доир ба омӯзиши илму донишҳои замони муосир, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ, илмҳои дақиқ, самаранок истифода бурдани вақт, даъват аз волидони хонандагон барои боз ҳам наздик сохтани ҳамкорӣ бо мақомоти милитсия ва дигар масоили рӯзмарра изҳори андеша намуд. Номбурда аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити мусоиди илму донишомӯзӣ барои наврасону ҷавонон ёдоварӣ намуд.
Дар идомаи суханронии худ полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ махсусан аз вусъати тоза пайдо кардани корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар саросари кишвар, аз ҷумла дар пойтахти ҷумҳурӣ - шаҳри зебоманзари Душанбе, ёдовар шуда, қайд намуд, ки дар баробари ҳамаи ин ободкориҳо, ки бо ташаббуси роҳбарияти Ҳукумати мамлакат, алалхусус Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сурат гирифта истодаанд, барои илмомӯзии наврасону ҷавонон ва ба варзишу дигар корҳои шоиста машғул гардидани ин насли ояндасоз тамоми шароитҳо муҳайё шудаанд.
Дар идомаи ҷамъомади зикршуда, ҳамзамон муовини сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Фарҳод Худоёров суханронӣ карда, аз муҳассилини мактаби номбурда, ки аксаран хонандагони синфҳои болоӣ буданд, даъват ба амал овард, ки вақти пурқимати худро самаранок истифода намуда, бештар илмҳои дақиқ ва забонҳои хориҷиро аз бар намоянд. Ӯ дар идомаи маърӯзаи пурмуҳтавои худ аз ҳамкории наздики соҳаи мактабу маориф бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, хусусан бо кормандони милитсия ёдовар шуда, афзуд, ки дар якҷоягӣ бо ин ниҳоди бонуфузи давлатӣ дар муассисаҳои таълимӣ чорабиниҳои зиёди ташвиқотию тарғиботӣ гузаронида мешаванд.
Тавре номбурда иброз намуд, бо назардошти вазъи зудтағйирёбандаи минтақаву ҷаҳон ва бархӯрди фарҳангҳо, зарур аст, ки мо - тоҷикон асолати миллии худро ҳифзу нигаҳдорӣ намоем. «Аз ин рӯ, ба омӯзгорону хонандагон зарур аст, ки пӯшидани либосҳои тавсиявӣ ва миллиро риоя намоянд», - илова кард Ф. Худоёров.
Дар идомаи чорабинӣ зикр гардид, ки соли 2024 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидааст, ки ин ташаббуси созанда бисёр муҳиму саривақтист. Вобаста ба ин, ноболиғону ҷавонон, бахусус хонандагони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки вақти пурқимати худро сарфи амалу кирдорҳои беҳуда накарда, дар баробари аз худ намудани барномаҳои таълимӣ, ҳамзамон сатҳи маърифатнокии худро боло баранд.
Дар охири ҷамъомади мазкур байни омӯзгорону хонандагон ва волидон ва созмондиҳандагони он саволу ҷавоб сурат гирифт.
Раҷабалии Бозорхон,
Абдулло Шоҳиён 

16.11.2024 12:05
70