Суханронии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шумо пайроҳаи падаронро, ки дар мақомот адои хизмат намуда, вазифаи муқаддаси худро бошарафона дар назди давлату миллат иҷро намуданд, интихоб намудед, ки шоистаи таҳсину офарин аст.
Маҳз бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таълиму тарбия ва соҳиби касбу ҳунар гардидани насли наврас ва ҷавонон пайваста ғамхорӣ зоҳир карда шуда, дар ин радиф муассисаҳои таълимии замонавӣ бо тамоми шароиту таҷҳизоти зарурӣ бунёд мегарданд.
Бо таҳсил фаро гирифтани Шумо дар Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ низ аз иқдому ташаббуси хайрхоҳонаи роҳбарияти Вазорат ва ғамхорию дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад.
Барои чунин эътимоду боварӣ ва ғамхорӣ шуморо зарур аст, ки бо рафтори намунавӣ ва дониши хубу аъло таҳсилро идома, дода фардо мутахассиси ин соҳа гардед.
Шумо баъди хатми Коллеҷи мазкур номи баланду пуршарафи корманди милитсияро соҳиб шуда, дар сафҳои мақомоти корҳои дохилӣ хизмат менамоед, ки ин шарафи бузург на ҳамаро, бахусус ҳамсолони шуморо насиб мегардад.
Бояд таъкид намуд, ки дар мӯҳлати кӯтоҳ бинои замонавӣ муҷҷаҳаз бо шароити хуби таълимӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти муосир дар шаҳри Кӯлоб мавриди истифода қарор дода мешавад, ки дорои имкониятҳои хуби хизматрасонӣ мебошад.
Ҳама ин дастгириву ғамхориҳо тақозо менамояд, ки фарзанди сазовори ин сарзамин бошед. Дар баробари пайрави касби падар будан, инчунин ба давлату миллат ва халқи азизи худ хизмат намуданро, қарзи шаҳрвандии худ донед.
Вохӯрии мову шумо дар арафаи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, он яке аз рамзҳои муқаддаси давлату миллат ба шумор меравад. Бо истифода аз ин фурсат, аҳли толорро бо ин ҷашни миллӣ самимона муборакбод менамоям.
Шумо шогирдони Коллеҷи милитсия бо рафтору муносибат ва интизоми намунавӣ, парчамбардори давлату миллат бошед, зеро рушду инкишоф ва ояндаи дурахшони ҳар як кишвар, аз ҷавонони соҳибмаърифат, ватандӯст ва далеру шӯҷоъ сарчашма мегирад.
Имрӯз беҳтарин устодону омӯзгорон ба шумо дарс мегӯянд, аз нозукиҳои кори милитсия, аз мактаби шуҷоату мардонагӣ ва далерию қаҳрамонӣ бароятон ҳикоят мекунанд.
Ҳар нафаре, ки сабақи устодонро гӯш ва дар амал тадбиқ менамояд, ӯ беҳтарин шогирди ин мактаб ба ҳисоб рафта, ҳамеша аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо тӯҳфа ва мукофотҳои арзанда қадршиносӣ мегардад.
Онҳое, ки донишу хубу рафтори намунавӣ доранд, баъди хатми Коллеҷи милитсия ба вазифаҳои баланд пешбарӣ карда мешаванд.
Бинобар ин ҳаракат ва кӯшиш намоед, ки сазовори боварии омӯзгорон гардида, фанҳои таълимиро аз худ ва бо дониши хубу аъло таҳсил намоед.
Шумо устодон, дар баробари ба ҷой овардани рисолати хеш, яъне вазифаи муқаддаси омӯзгорӣ, инчунин бояд ба шогирдон мисли падар ва шахси наздик рафтору муносибат намоед. Зеро аксар толибилмон, ки бармаҳал аз лутфу навозиши падар маҳрум гардидаанд, ба дастгирию меҳрубонӣ ва хубӣ ниёз доранд.
Муносибати падарона ва дастгирии Шумо дар қалби ин наврасон тухми меҳру муҳаббатро кошта, шавқу завқи онҳоро ба омӯзиш бедор месозад.
Чи тавре, ки Президенти кишвар мегӯяд. Шумо бе падару модар нестед: Падару модари шумо давлат, ватан, миллат ва Роҳбари давлат Ҷаноби Олӣ ҳаст ва шумо зери ҳимояи давлат қарор доред.
Як нуқтаро бори дигар таъкид намуданиям, ки:
Ғамхории падаронаи Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ятимон, фарзандони бесаробонмонда боз ҳам афзуда, ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки шумо дар қатори дигарон соҳибмаълумоту, фарди арзандаи ин ҷомеа гардед. Ранҷу заҳмати падарон ва дастгирию ғамхорӣ нисбати Шумо ҳамеша дар мадди назар ва таҳти сарпарастии Сарвари давлат қарор дошта, мо ин сиёсати хирадмандонаро ҳамеша дастгирӣ ва дар амал тадбиқ менамоем.
Шогирдони азиз! Мо ҳамеша кӯшиш менамоем, ки шуморо ҳам дар таҳсил ва ҳам дар кору фаъолият дастгирӣ намуда, беҳтарин шароиту имкониятҳоро бароятон фароҳам созем.
Ман боварии комил дорам, ки нангу номуси ватандорӣ, оини ҷавонмардӣ, садоқату самимият ва ҳисси баланди эҳтиром ба арзишҳои олии давлату миллат боло гирифта, шумо сазовори эътимоди Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ мегардед.
Аз сардорони Сарраёсат, Раёсат, Воҳидҳои таъиноти махсус ва дигар ҷузъу томҳо талаб менамоям, ки аз ҳаёту фаъолияти курсантони Коллеҷи милитсия бохабар гардида, дар омӯзиш ва гузаронидани дарсҳои тахасусӣ ва дигар чорабиниҳо пайваста иштирок намоянд.
Дар охир таманно менамоям, ки шумо пайрави кори падар ва номбардори пайвандони худ гардида, бо хизмати арзанда ва садоқат ба давлату миллат, барои Тоҷикистони азиз хизмат менамоед.
Ба Шумо дар идомаи таҳсил барору комёбӣ таманно менамоям.