Баромад
Маҳз дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон ба натиҷаҳои баланди корҳои созандагиву бунёдкорӣ, рушду инкишофи соҳаи илму маориф, пешрафти саноату кишоварзӣ, бунёди биноҳои истиқоматию хизматрасонӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва ғайра ноил гардид.
Бо шарофати қабули Конститутсия, Тоҷикистон чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, ҷаҳониён онро ҳамчун як кишвари бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангдӯст шинохтанд. Ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар месозад.
Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодагари азму ирода, равшангари роҳи ҳаёти мардум, воқеан санади тақдирсозест, ки низоми давлатдориро муайян намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин менамояд.
Ин ҷо бомаврид медонам, ки суханони Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вобаста ба моҳияти Конститутсия ёдовар шавам:
«Ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ин ҷода Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд».
Воқеан Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун санади меъёрию ҳуқуқӣ эътибори баланди ҳуқуқӣ дошта, арзиши олии давлату миллат ҳисобида мешавад.
Тибқи талаботи он ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ҳуқуқу вазифаҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода мешавад.
Конститутсия ҳамчун ифодакунанда ва равшангари роҳ ба сӯи ояндаи неку пурсаодат моро водор месозад, ки минбаъд низ бо риояи арзишҳои волои демократӣ ва ҳуқуқӣ, ҷомеаи худро аз ҳама гуна хатарҳои дохиливу берунӣ ҳифз намуда, суботу оромӣ, ҳаёти осоишта ва кору фаъолияти бомароми мардуми кишаварамонро таъмин намоем.
Бо дарназадошти ниёзмандиҳои сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон ва мутобиқи талаботу пешрафти он дар солҳои 1999 ва 2003 тағйироту иловаҳо ба Конститутсия ворид карда шуданд, ки оғози раванди татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикиву озуқаворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум шароити мусоид фароҳам оварданд.
Конститутсия қонуни асосии ҳар як давлату миллат буда, дар асоси он хусусиятҳои сохти давлатдорӣ ва муносибатҳои тарафайну сохторҳои гуногуни давлатию ҷамъиятӣ муайян карда мешавад.
Имрӯз мову Шумо бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои олии инсонӣ, ки дар Конститутсия сабт гардидааст, бояд дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи тамаддуну осори таърихие, ки садсолаҳо эҷод гардиданд ва имрӯз маҳфуз ҳастанд, инчунин ҳимояи дастовардҳои Истиқлолият саҳми назаррас дошта бошем.
Боиси ифтихор аст, ки Сарқонуни кишвар дастгиру роҳнамои мардуми тоҷик гардид. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ аз он иборат аст, ки Сарқонунро эҳтиром ва ҳифз намояд.
Маҳз бо шарофати Истиқлолият ва қабули Конститусия имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёт, бахусус дар самти фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ пешравиҳои зиёд ба назар мерасанд.
Рӯ овардан ба таъриху тамаддун ва фарҳанги миллӣ як шохаи алоқамандии кормандони ин ниҳод бо мардум, аҳли фазлу адаб ва олимону донишмандон аст.
Ҳамкориҳои судманди кормандони милитсия бо аҳолӣ ва табақаҳои гуногуни ҷомеа аз он шаҳодат медиҳад, ки эътимоду боварии халқ ба ҳомиёни ҳуқуқу тартибот ва посдорони сулҳу субот рӯз аз рӯз бештару беҳтар мегардад.
Танҳо дар соли равон бахшида ба ҷашнҳои Рӯзи Модар, Наврӯз, Ваҳдату Истиқлолият, Рӯзи забон ва дигар иду маъракаҳо бо иштироки шоирону нависандагон, олимон, донишмандон, ҳунарпешагони варзида, зиёиён ва аҳли дин, сиёсатмадорон ва дигар шахсиятҳои барҷастаи кишвар маҳфилу конференсия, Мизи мудаввар ва чорабиниҳои илмию фарҳангӣ доир карда шуданд.
Баргузории ду намоиши телевизионии «Сайди маънӣ», маҳфили шеъру суруд бо иштироки олимону адибон, ташкили мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ, шаҳодати арҷгузорӣ ба осори шоир ва донишманди бузурги асри ХV Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ мебошад.
Кормандони милитсия ҳамеша бо мардум буданд, ҳастанд ва мемонанд ва ин пайванди қавӣ ба воситаи чунин сӯҳбату вохӯриҳо ва маҳфилҳо боз ҳам қавитар хоҳад гашт.
Имрӯз низ як қатор шахсиятҳои шинохта аз шумори олимону адибон ва санъаткорони шинохта, ба ин чорабинии тантанавӣ даъват гардидаанд.
Боварӣ дорам, он намоише, ки ин лаҳза ҳаваскорон-кормандони милитсия омода карданд, Шумо ба он баҳогузорӣ намуда, нафарони соҳибистеъдод ва болаёқатро дастгирӣ менамоед.
Ҳозирини гиромӣ!
Бори дигар Шуморо бо 20-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва раҳнамои давлату миллат самимона табрик намуда, бароятон хонаободӣ, нерӯи созандагӣ ва дар кору рӯзгоратон барору комёбӣ, таманно менамоям.
Ташаккур ба диққататон!