Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иҷлосияи 92-юми Ассамблеяи генералии Интерпол дар Британияи Кабир баргузор гардид 

Аз 4 то 7 ноябри соли 2024 дар шаҳри Глазгои Британияи Кабир иҷлосияи 92-юми Ассамблеяи генералии Интерпол баргузор гардид.
Дар иҷлосияи Ассамблеяи генералии Интерпол интихобот барои 10 мақоми асосии роҳбарикунанда, аз ҷумла котиби генералии нав, ки дар ҳамоҳангсозии вокуниши ҷаҳонӣ ба таҳдидҳо ва ҷиноятҳои нави пайдошуда нақши муҳим мебозад, баргузор шуд.
Дар ин иҷлосия Ҷумҳурии Тоҷикистонро сардори Бюрои марказии миллии «Интерпол»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Назризода Шаҳриёр Ҷӯрабек ва дигар шахсони расмӣ намояндагӣ карданд.
Дар ин ҳамоиш ҳамкориҳои байналмилалии полис дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таҳдидҳои амниятӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла ҷиноятҳои созмонёфта, терроризм ва қаллобӣ баррасӣ шуданд.
Дар ҷараёни иҷлосия ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани мавқеъ ва нақши Интерпол дар таъмини ҳуқуқтатбиқкунии ҷаҳонӣ бо роҳи ҳамкориҳои дастаҷамъонаи давлатҳо дар мубориза бо ҷинояткорӣ, ба роҳ мондани роҳҳои нави ҳамкорӣ, коркарди Созишномаҳои нави самарабахш оид ба ҳамкориҳои васеъ ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ  табодули афкор сурат гирифт.
Гул Маҳбуба

08.11.2024 13:57
8