Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани якчанд ҳолати қаллобӣ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 42-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда, бо роҳи фиреб ба боварии марди 62-солаи сокини ноҳияи Варзоб даромада, аз ӯ 75 ҳазор сомонӣ ва 1-адад автомашинаи тамғаи “Хонда-Серве”-ро гирифта, ваъда додааст, ки манзили истиқоматиашро ба номаш ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад, аммо гумонбаршаванда, то ҳол ӯро фиреб дода гаштааст. 
Дар натиҷа, ба ҷабрдида зарари калони моддӣ расонидааст. 
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 347 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда, аз моҳи август то моҳи сентябри соли 2024, бо роҳи фиреб ба боварии марди 37-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 6 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол онҳоро барнагардонидааст.
Ҳамин тариқ, ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат мактуби корхонаи воҳиди давлатии “Мироб-Пласт” ворид гардидааст, ки 10-уми январи соли 2024, марди 62-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба боварии роҳбари корхонаи мазкур даромада, дар асоси борхат 1050 метр қубурҳои полуэтилениро ба маблағи 104 ҳазору 897 сомонӣ гирифта, маблағи гирифтаашро ба манфиати худаш сарф намуда, то ҳол онҳоро барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

14.11.2024 14:46
56