Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии бародар
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 41-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 10-уми ноябри соли 2024, тахминан соати 06:30-дақиқа, дар ҳолати мастӣ дар хонаи истиқоматиаш бо бародараш марди 35-солаи сокини ҳамон ҷо ҷангу ҷанҷол намуда, 5 маротиба бо корди хоҷагиӣ ба узвҳои баданаш зарба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.