Қадрдонии кормандони милитсия дар иди касбӣ
11-уми ноябри соли 2024 бахшида ба «Рӯзи милитсияи тоҷик» дар толори асосии ВКД чорабинии идона доир гардид, ки дар он роҳбарият ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин собиқадорони милитсия иштирок намуданд.
Нахуст, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳозирин ва дар шахсияти онҳо тамоми кормандони мақомоти корҳои дохилиро ба ин санаи муборак ва хотирмон табрику таҳният намуда, ба онҳо дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ барору муваффақият, сулҳу осоиш ва иқболи баланд таманно намуд.
Вазири корҳои дохилӣ дар баромади хеш изҳор дошт, ки таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти корҳои дохилӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисосу ботаҷриба меафзояд, ки Роҳбари давлат ҳамаи инро дар маросими ифтитоҳи Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ рӯзи 29-уми октябри соли 2024 бори дигар баён доштанд. Аз ҷумла иброз гардид, ки «Таъсиси чунин муассиса ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти корҳои дохилии мамлакат, бахусус, дар самти тарбияи кадрҳои муосир ва баланд бардоштани донишу малакаи касбии кормандон рӯйдоди басо муҳим ба ҳисоб меравад».
Дарвоқеъ, милитсия аз замони таъсисёбӣ то ба имрӯз масъулияти басо душвор - муҳофизати молу амвол, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои мардум ва таъмини интизому осиштагӣ ба зимма дорад.
Саҳми милитсияи тоҷик дар рушди давлатдорӣ, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, мубориза бар зидди гурӯҳҳои ҷиноятпеша, таъмин намудани сулҳу осоиштагӣ дар кишвар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ низ назаррас арзёбӣ мегардад.
Таърихи фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ пур аз саҳифаҳои корнамоӣ буда, милитсияи тоҷик ҳамеша дар сафи пеши мубориза бар зидди ҷинояткорӣ қарор дошта, барои таъмини суботу оромӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ҳамеша омодаи хизмат мебошанд.
Дар идома гуфта шуд, ки бо фармонҳои ВКД бахшида ба «Рӯзи милитсияи тоҷик» дар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ҳамагӣ 690 нафар бо рутбаҳои навбатӣ, медалу ифтихорномаҳо ва дигар мукофотҳо қадрдонӣ гардиданд.
Дар ин чорабинӣ аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ як зумра кормандони милитсия бо нишону медалҳои «Барои хизмати шоён», «Милитсияи Тоҷикистон», «Аълочии милитсия», Ифтихорномаи фахрӣ ва Сипосномаҳо тақдим гардид. Дар ин радиф, собиқадорони милитсия низ бо медалҳо қардшиносӣ гардиданд.
Наврӯз Ҷобиров