Ифтитоҳи Маркази васлу насби нақлиётҳои оташнишонии назди СХДО ВКД
10 ноябри соли 2024 бахшида ба таҷлили «Рӯзи милитсияи тоҷик» бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро Маркази васлу насби нақлиётҳои оташнишонии назди СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.
Вазири корҳои дохилӣ зимни боздид аз Маркази мазкур бо техникаю таҷҳизоти васлу насли нақлиётҳои оташнишонӣ аз наздик шиносоӣ пайдо карда, аз сатҳу сифати корҳои анҷомдодашуда изҳори қаноатмандӣ намуд.