Боздиди Вазири корҳои дохилӣ аз Маркази таълимии ВКД
9 ноябри соли 2024 дар арафаи таҷлили «Рӯзи милитсияи тоҷик», ки ҳамасола 10 ноябр ботантана ҷашн гирифта мешавад, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз корҳои ободонию созандагӣ ва таъмиру таҷдид дар Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилӣ боздид ба амал овард.
Вазири корҳои дохилӣ зимни боздид аз ошхона, китобхона, ҳуҷраҳои корӣ, синфхонаҳо, утоқи компютерӣ, ҷойи хоб, макони шустушӯй, камераҳои назоратӣ ва дигар шароитҳои моддӣ-маишии Маркази таълимӣ дидан карда, аз сатҳу сифати корҳои анҷомдодашуда изҳори қаноатмандӣ намуд.
Зимни суҳбат Вазири корҳои дохилӣ ба устодону омӯзгорони Маркази таълимӣ ҷиҳати тақвият бахшидани машғулиятҳои илмӣ-назариявӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, таълимоти ҳарбӣ, худшиносии миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва омодагии ҷисмонии шунавандагони курсҳои бозомӯзӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Гул Маҳбуба