Вазири корҳои дохилӣ бо шароити хизматии кормандони ШВКД дар ноҳияи Қубодиён шинос гардид
8-уми ноябри соли 2024 дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон ва бахшида ба «Рӯзи милитсияи тоҷик» Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба ШВКД дар ноҳияи Қубодиён ташриф оварда, аз корҳои ободонию созандагӣ ва шароити хизматии кормандони милитсия шиносоӣ пайдо намуд.
Мавриди қайд аст, ки бинои шуъбаи мазкур пурра азнавсозӣ гардида, системаи гармидиҳӣ ба воситаи ангиштсанг ба роҳ монда шуда, бахшҳои бозрасии давлатии автомобилӣ ва хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ аз таъмири капиталӣ бароварда шуданд.
Дар ин радиф толори маҷлисгоҳи нав бунёд гардида, барои баланд бардоштани донишу маърифат ва тақвият бахшидани иқтидори зеҳнии кормандон Китобхона бо адабиётҳои гуногуни илмию соҳавӣ ва бадеӣ таъсис дода шуд.
Зимни боздид Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз сатҳу сифати корҳои анҷомдодашуда изҳори қаноатмандӣ намуда, ба кормандони шуъбаи мазкур ҷиҳати содиқона ва софдилона иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ ва пешгирию ошкор намудани ҷинояткорӣ як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Гул Маҳбуба