Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа»-и назди Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардабири ҳафтанома: Илёсов Раҷаббек Раҷабхолович, полковники милитсия, 9-уми июни соли 1978 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик. Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси «рӯзноманигорӣ» хатм намудааст.

Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ аз соли 2002: фаъолияти хизматии худро аз Раёсати Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ба ҳайси нозири гурӯҳи матбуотӣ оғоз намуда, то моҳи апрели соли 2004 дар ин ниҳод сарбаландона фаъолият намудааст.
Соли 2004 ба ҳайси нозир-мутахассиси Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ва аз моҳи январи соли 2008 ба ҳайси нозири калони гурӯҳи матбуотии собиқ Хадамоти муҳоҷирати ВКД фаъолият намудааст.
Моҳи декабри соли 2010 дубора ҳамчун корманд-мутахассис ба Маркази матбуоти ВКД таъйин гардида, фаъолияти хизматии худро дар ин воҳиди бонуфузи мақомоти корҳои дохилӣ то моҳи марти соли 2013 идома додааст.
3-юми марти соли 2013 ба вазифаи муовини сардабири ҳафтаномаи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии «Қонун ва ҷомеа»-и назди Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида, сарбаландона адои вазифа намудааст.
Илёсов Раҷаббек Раҷабхолович бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми майи соли 2023 ба вазифаи сардабири КВД ҳафтаномаи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии «Қонун ва ҷомеа»-и назди Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида, то инҷониб фаъолият намуда истодааст.
Мавсуф «Аълочии милитсия» ва «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» буда, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ ва масъулияти баланди касбӣ бо як қатор медалу нишонҳои сарисинагӣ ва Ифтихорномаю Сипосномаҳо мукофотонида шудааст.

 

03.07.2024 13:40
588