Ифтитоҳи Маркази иттилоотӣ-таҳлилии Раёсати РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт
7-уми ноябри соли 2024, дар доираи таҷлили “Рӯзи милитсияи тоҷик” дар РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт бо иштироки сардори раёсати мазкур генерал-майори милитсия Фатозода Абдусатор Абдуқаҳор, Раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маросими ифтитоҳи бинои нави Маркази иттилоотӣ-таҳлилии Раёсати РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт доир гардид.
Зимни боздид меҳмонон аз сатҳу сифати корҳои анҷомдодашуда изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд карданд, ки муҳайё гардидани шароити мусоиди корӣ баҳри боз ҳам сифатнок гаштани самти бақайдгирии ҷиноятҳо барои назорат ва муътадил нигоҳ доштани набзи криминогении минтақа мусоидат менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки кормандони Маркази иттилоотӣ фаъолияти худро дар самти бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҷиноятҳо, шахсони ҷиноятсодиркарда, парвандаҳои ҷиноятӣ, дигар объектҳои баҳисобгирӣ ва варақаҳои оморӣ софдилона ва садоқатмандона иҷро менамоянд.
Гул Маҳбуба