Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздиди Вазири корҳои дохилӣ аз шароити хизматии афсарону сарбозони қисми ҳарбии 3503

7-уми ноябри соли 2024 дар доираи таҷлили «Рӯзи милитсияи тоҷик» Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба қисми ҳарбии 3503-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Бохтар ташриф оварда, аз корҳои ободонию созандагӣ ва шароити хизматии афсарону сарбозон шиносоӣ пайдо намуд.
Нахуст, Вазири корҳои дохилӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷадид боздид ба амал оварда, бо шароити хизмативу маишии афсарону сарбозон, аз он ҷумла, аз хобгоҳ (казарма), ошхона, ҳаммом ва дигар корҳои ободонӣ аз наздик шиносоӣ пайдо кард.
Ҳамчунин доир ба тарбияи сарбозон дар рӯҳияи ватандӯстию ифтихори миллӣ, ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ёдовар гардида, таъкид дошт, ки сарбозон бояд ба тарбияи ҷисмонӣ ва обутоби бадан диққати махсус дода, пайваста ба машқу тамрин машғул шаванд ва касбу ҳунар омӯзанд.
Қобили кдйд аст, ки имруз дар қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ҷавонони баору номуси миллат хизмати Ватан-Модарро содиқона ба ҷо оварда, баҳри оромиву осоиштагии марзу бум, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ҳамеша омодаанд.
Гул Маҳбуба

07.11.2024 21:27
110