Мавриди истифодабарӣ қарор додани Минтақаи хизматии маъмурии милитсияи №11 дар ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур
6 ноябри соли 2024 дар доираи таҷлили 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Рӯзи милитсияи тоҷик» бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бинои нави Минтақаи хизматии маъмурии милитсияи №11 дар ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.
Вазири корҳои дохилӣ зимни боздид аз шароити хизматии кормандони ин минтақа шинос шуда, аз сатҳу сифати корҳои анҷомдодашуда изҳори қаноатмандӣ намуд.
Зимни суҳбат бо ҳайати шахсии минтақаи мазкур зикр гардид, ки нақши нозирони минтақавӣ ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои олии давлату миллат ва садоқат ба Ватан хеле муҳим мебошад.
Гул Маҳбуба