Маросими баимзорасонии Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни ШҶ «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Ҷамъияти умумироссиягии тарбияи ҷисмонӣ-варзишии «Динамо»-и Федератсияи Россия
5-уми ноябри соли 2024 вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»и Вазорати корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Раиси Иттиҳодияи ҷамъиятию давлатии «Ҷамъияти умумироссиягии тарбияи ҷисмонӣ-варзишии «Динамо»-и Федератсияи Россия генерал-лейтенант Гулевский Анатолий Николаевич баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкориҳо ҷиҳати баргузории мусобиқоти варзишии сатҳи баланд, ба роҳ мондани чорабиниҳои гуногуни варзишӣ бо Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, табодули таҷриба дар самти таблиғи тарзи ҳаёти солим, обутоби ҷисмонӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
Дар хотимаи мулоқот ҷонибҳо Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи ҷамъиятию давлатии «Ҷамъияти умумироссиягии тарбияи ҷисмонӣ-варзишии «Динамо»-и Федератсияи Россияро ба имзо расониданд.
Бояд тазаккур, ки баимзорасонии Созишномаи мазкур ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди тарзи ҳаёти солим, таҳкими робитаҳои дӯстона тавассути варзиш ва баргузории чорабиниҳои гуногуни варзишӣ мусоидат менамояд.
Гул Маҳбуба