Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маркази матбуоти Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардори Маркази матбуот: Маҳмадзода Нусратулло Маҳмад – полковники милитсия, 25 феврали соли 1976 таваллуд шуда, миллаташ тоҷик мебошад. Хатмкардаи факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон буда, соли 2015 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст. Аз соли 2008 то инҷониб дар мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият дорад.

Маҳмадзода Нусратулло Маҳмад солҳои 2008 - 2011 ба ҳайси сухангӯи бахши матбуотии РВКД дар шаҳри Душанбе, солҳои 2011-2012 муовини сардори Маркази матбуоти ВКД Ҷумҳурии Точикистон, солҳои 2012-2013 ваколатдори калони оперативии Раёсати амнияти дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз моҳи декабри соли 2013 то 3-юми январи соли 2020 дар вазифаи муовини сардори Маркази матбуоти Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ ифои вазифа намудааст.
3-юми январи соли 2020 бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадзода Нусратулло Маҳмад ба вазифаи сардори Маркази матбуоти Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.
Дар давоми фаъолият барои хизматҳои арзанда ӯ бо ифтихорномаву раҳматнома, нишонҳои сарисинагии “85 солагии милитсияи тоҷик”, “Барои хизматҳои аъло дар ВКД” ва бо медалҳои “Садоқат”, “Милитсияи тоҷик” ва “Хизмати шоиста” аз ҷониби роҳбарияти ВКД қадрдонӣ карда шудааст.
Маҳмадзода Нусратулло Маҳмад оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.

 

03.07.2024 13:37
796