Варзиш - рамзи дӯстиву рафоқат
Масъулини Хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо ҷавонони фаъол бахшида ба 30-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи касбии кормандони милитсия байни муассисаҳои олии вилоят мусобиқаи варзишӣ дар намуди «Футбол»-ро барои дарёфти «Ҷоми сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд» ташкил намуданд. Шуруъ аз 25 октябр 8 даста, ки донишгоҳу донишкадаҳоро намояндагӣ мекарданд таҳти шиори «Варзиш рамзи дустиву рафоқат» дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон байни ҳам сабқат карданд. Мусобиқаи даставӣ аз рӯи системаи олимпӣ ҷараён гирифта дастаи мағлуб имконияти идомаи бозиро аз даст медод ва беҳтаринҳо ба давраҳои баъдӣ роҳ ёфтанд.
Рафти мусобиқаро масъулини шӯрои ҷумҳуриявии варзишии «Динамо»-и ВКД дар вилояти Суғд бо ҷалби мураббиёни Федератсияи футболи вилоят доварӣ намуданд.
Ҳамин тавр дастаҳои футболбозони факултети №4 Академияи ВКД, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва Донишкадаи байналмилаллӣ ва сайёҳӣ нисбат ба ҳарифони худ бартари нишон дода ба давраи ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд.
Дар натиҷа футболбозони дастаҳои факултети №4 Академияи ВКД ва Донишкадаи байналмилаллӣ ва сайёҳӣ бо гирифтани мақоми сеюм мушарраф шуданд.
4 ноябр дар дидори ниҳоӣ дастаи футболбозони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ва дастаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд рӯйи майдони сабқат омаданд. Дар ин дидор, ки дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд ҷолибу шадид ҷараён гирифт футболбозони дастаи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, дастаи ДДТТ дар шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода ба гирифтани мақоми аввал ва Ҷоми мусобиқа сазовор гаштанд.
Дар маросими пӯшидашавии ин чорабинии варзишӣ сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Маҳмадсафар Пирзода, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Бахтиёр Исматзода, ҷавонони фаъол ва роҳбарони муассисаҳои олӣ иштирок доштанд. Зимни табрикоти ғолибон маърӯзачиён аз таваҷҷуҳу дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушду оммавияти варзиш, хоса намуди футбол ёдовар шуда, ғолибону ҷоизадорони мусобиқаро табрику муборакбод намуданд.
Таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои варзишӣ байни ҷавонон имконият фароҳам меоварад, ки онҳо тарзи ҳаёти солимро пеш баранд.Зеро варзиш дар баробари омили солимгардонӣ будан, тарғибгари дустӣ мебошад.
Дар хотима ғолибони се зинаи ифтихорӣ бо медалу Ифтихорнома, туҳфа ва Ҷоми мусобиқа сарфароз гардиданд.
Ҳамзамон маҳорати варзишии беҳтарин футболбозон дар алоҳидагӣ қадршиносӣ гардид.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.