Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Кӯлоб

Сардори Коллеҷ: Меҳрулло Нуруллозода - майори милитсия. 7 июли соли 1992 таваллуд шудааст. Соли 2013 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намуда, ба ҳайси омӯзгори кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулодаи факултети №5 фаъолияти меҳнатии худро оғоз намудааст.
Солҳои 2013-2015 ба ҳайси муаллим, солҳои 2015-2018 муаллими калон ва солҳои 2018-2020 ҳамчун сардори кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулода ифои вазифа намудааст. Солҳои 2020-2024 бошад, дар вазифаи сардори факултети №5 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият кардааст.
Меҳрулло Нуруллозода 28 феврали соли 2024 ба вазифаи сардори Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Кӯлоб таъйин гардида, адои вазифа намуда истодааст. Муаллифи 6 дастури методӣ, 25 барномаи таълимӣ, зиёда аз 30 мақолаи илмӣ-оммавӣ, беш аз 50 таклифу пешниҳод ба такмили қонунгузории ҷумҳурӣ мебошад.
Айни ҳол фаъолияти илмии худро дар самти идоракунии ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳолатҳои фавқулода идома дода истодааст.
Мукофоту ҷоизаҳо: «Аълочии милитсия» (с.2019). Ҳамзамон дорандаи дигар медалу нишонҳои сарисинагӣ аст.
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад. 

03.07.2024 13:36
1 388