Боздиди Вазири корҳои дохилӣ аз корҳои ободонию созандагӣ дар ШВКД-2 дар ноҳияи Рӯдакӣ
4 ноябри соли 2024, дар арафаи таҷлили 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Рӯзи милитсияи тоҷик» Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз корҳои ободонию созандагӣ ва таъмиру таҷдид дар ШВКД-2 дар ноҳияи Рӯдакӣ боздид ба амал овард.
Вазири корҳои дохилӣ аз маҷлисгоҳ бо 80 ҷойи нишаст, утоқҳои иловагии корӣ, макони шустушӯй, нуқтаи назорати даромадгоҳ ва ошхона дидан карда, аз сатҳу сифати корҳои анҷомдодашуда изҳори қаноатмандӣ намуд.
Дар ҷараёни боздид ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ба ҳайати шахсии ШВКД-2 дар ноҳияи Рӯдакӣ як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Гул Маҳбуба