Ифшо шудани дуздии телефони мобилии гаронарзиш
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 26-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 16-уми октябри соли 2024, тахминан соати 19:00, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили воситаи нақлиёташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Айфон 12-Промакс” арзишаш 10 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.