Дастгир гардидани марди 35-сола бо ҷурми авбошӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини шаҳри Гулистон бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 30-юми октябри соли 2024, тахминан соати 14:10-дақиқа, дар ҳолати мастӣ дар дохили даромадгоҳи бинои истиқоматиашон бо амакаш пирамарди 71-солаи сокини шаҳри Гулистон ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд якчанд маротиба ба увзҳои бадани ҷабрдида зарба зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 3 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.