Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: Таҳаввул ва дурнамои рушди он»

2-юми ноябри соли 2024 дар Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: Таҳаввул ва дурнамои рушди он» бо иштироки олимону мутахассисон ва намояндагони ҳифзи ҳуқуқ доир гардид.
Нахуст, муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо зимни сухани ифтитоҳӣ меҳмононро хушомадед гуфта, таҷлили қабули ин санади муқаддасро ба ҳозирин муборакбод намуд.
Номбурда изҳор дошт, ки боиси ифтихор аст, ки чун анъана 6-уми ноябр дар ҷумҳурии азизамон Рӯзи Конститутсия ботантана ва шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Ин санаи таърихӣ ба он рабт дорад, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ санади олии сарнавиштсоз ва муайянкунандаи дурнамои давлатдорӣ - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд.
- Метавон бо бовар иброз намуд, ки сулҳу осоиштагӣ, устувории аркони давлатдорӣ, таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва риояву иҷро гардидани меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста буда, ба пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиву давлатӣ ва пойдории давлат замина хоҳад гузошт, - афзуд Абдураҳмон Аламшозода.
Дар идома, Равшан Раҷабзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, д.и.ҳ. дотсент, дар баромади хеш афзуд, ки хушбахтона Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки Конститутсияи устувор ва ҳокимияти конститутсионии пойдори худро дорад. Мувофиқи таҳлилҳои коршиносони байналмилалӣ Конститутсияи Тоҷикистон яке аз мукаммалтарин Конститутсияи ҷаҳони муосир буда, дар шумори панҷ Конститутсияи беҳтарини дунё шомил мешавад.
Дар навбати худ Абдулҳафиз Ашӯрзода, раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуд, ки яке аз дастовардҳои арзишмандтарини даврони истиқлолият ва муқаддасоти миллии мо - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Он ҳамчун шиносномаи давлат Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби мардуми мамлакат бо дарки масъулияти баланд тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсияи кишвар дастоварди бузурги миллати тоҷик дар роҳи давлатсозию давлатдории навин ба шумор меравад. Бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани Конститутсия нишонаи ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандони мо нисбат ба ояндаи худ, тақдири минбаъдаи давлат ва ифодаи рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии мардум гардид.
Бо дарки воқеияти таърихи сиёсии кишвар ва аҳамияти Конститутсия дар таъмини суботу устувории ҳаёти ҷомеа Роҳбарияти олии кишвар ба хулосае омад, ки лоиҳаи Конститутсияи нав ба муҳокимаи мардум гузошта шуда, он аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардад. Ин санади муқаддас, ки бо дарназардошти ирода ва манфиатҳои аксари мутлақи мардуми кишвар ва роҳи рушди ояндаи давлатамон таҳия ва пазируфта шудааст, сохти давлатдорӣ ва низоми ҳаёти ҷомеаи нави Тоҷикистонро муайян намуда, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакатамон асоси боэътимод гузошт.
Дар кори конференсия, инчунин Шавкат Лутфуллозода, муовини якуми раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Каримзода Умед Раҳматшо, муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуданд.
Дар идомаи бахши аввал 3 маърӯза шунида шуда, конференсия дар Академияи ВКД дар бахшҳо идома ёфт.
Наврӯз Ҷобиров

02.11.2024 14:13
194