Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати тиббии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардори Раёсат: Раҳимзода Давлатбӣ Алам – полковники хизмати дохилӣ, таваллудаш 8-уми майи соли 1971, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии тиббӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 1 декабри соли 1997.
Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Аз он ҷумла, духтури касалиҳои асаби шуъбачаи терапевтии Госпитали Раёсати тиббии Вазорати корҳои дохилӣ, духтур-ординатор-асабшиноси шуъбачаи терапевтии Госпитали Раёсати тиббии Вазорати корҳои дохилӣ, духтури касалиҳои асаб-ординатори Шуъбаи касалиҳои дарунии Госпитали Раёсати тиббии Вазорати корҳои дохилӣ, сармутахассиси касалиҳои асаби шуъбачаи касалиҳои дарунии №2 Госпитали Раёсати тиббии Вазорати корҳои дохилӣ, сардори Госпитали Раёсати тиббии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Раҳимзода Давлатбӣ Алам аз 2-юми феврали соли 2024 ба вазифаи сардори Раёсати тиббии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида, адои вазифа намуда истодааст.
Мавсуф зимни фаъолияти хизматӣ барои зоҳир намудани малакаю маҳорати баланди касбӣ, хизмати содиқонаю софдилона, дарки баланди масъулиятшиносӣ баҳри беҳтар намудани хизматрасонии босифати тиббӣ ва ҳифзи солимии хайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ бо як қатор медалу нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорномаю Сипосномаҳои Вазорати корҳои дохилӣ сарфароз гардонида шудааст. 

03.07.2024 13:32
982