Ҳалокати писарбачаи ноболиғ ва ронандаи ҷавон бар асари ҳодисаҳои нақлиётӣ
29-уми октябри соли 2024, тахминан соати 14:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс-Спринтер», Дадобоев Насимҷон Мухторович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Конибодом ба самти шаҳри Хуҷанд, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҳамробоеви шаҳри Конибодом аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дучарха (скутер) таҳти идораи ноболиғ Нематов Ҳусейн Мансурович, соли таваллудаш 2010, сокини ҳамин шаҳр бархӯрдааст.
Дар натиҷа, дучархарони ноболиғ Нематов Ҳ.М. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва мусофири дучарха, ноболиғ Нематов Манучеҳр Маруфович, соли таваллудаш 2009, сокини шаҳри Конибодом, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
28-уми октябри соли 2024, тахминан соати 08:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “КИА К-5”, Одилзода Ҳофиз, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Данғара ба самти шаҳри Душанбе дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба ҷӯйбори обгузари бетонии канори роҳ афтида, дар масофаи 40 метр лағжида, баъдан ба бетони муҳофизатии канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Одилзода Ҳ.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.