Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати молиявӣ-иқтисодии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардори Раёсат: Раҷабзода Шариф Раҷаб - полковники милитсия, таваллудаш 3-юми ноябри соли 1970, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии иқтисодӣ ва олии ҳуқуқӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 12 феврали соли 1998. 

Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст:
Муҳандис-иқтисодчии шуъбаи иқтисод ва молияи Раёсати молия ва иқтисодии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ревизори шуъбача оид ба гузаронидани тафтиши Раёсати молия ва иқтисодии ВКД, сардори шуъбачаи молияи Муассисаи нақлиётии ВКД, нозири калони шуъбачаи раводидӣ ва бақайдгирии Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД, нозири калон - муҳандис иқтисодчии шуъбаи раводидӣ ва бақайдгирии РҲТҶ ВКД, сардори шуъбачаи таъминоти молиявии Хадамоти муҳоҷирати ВКД, сардори шуъбаи молиявӣ, иқтисодӣ ва таъминоти Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД, сардори Раёсати молиявӣ-хоҷагидории Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Раҷабзода Шариф Раҷаб 19 апрели соли 2017 ба вазифаи сардори Раёсати молия ва иқтисодии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, адои вазифа намуда истодааст.
Мукофотҳои давлатӣ ва идоравӣ дорад.

 

03.07.2024 13:31
537