Ошкор шудани ду ҳодисаи авбошӣ
Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 16-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 3-юми октябри соли 2024, тахминан соати 15:00, ҳангоми дар кӯчаи Р.Амакии ноҳияи Фирдавсӣ қарор доштанаш, аз ҳиссиёти авбошӣ бо ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Душанбе ҷангу ҷанҷол намуда, ҳамдигарро лату кӯб намуда, гумонбаршаванда бо корд як маротиба дар қисмати пушт аз тарафи дасти чапи ҷабрдида задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 46-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён, муовини раиси ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори авбошӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 25-уми октябри соли 2024, тахминан соати 08:50-дақиқа, бо марди 46-солаи сокини ҳамин ноҳия, ронандаи ҷамоати деҳоти Заргар аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос ҷангу ҷанҷол намуда, бо истифода аз як адад ашёи оҳанини ба тафтишот номаълум ҷабрдидаро лату кӯб намудааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 3 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.