Ба вуқӯъ омадани ҳодисаҳои нақлиётӣ дар натиҷаи суръати баланд
26-уми октябри соли 2024, тахминан соати 14:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Ҷураев Нуриддин Баҳриддинович, соли таваллудаш 1968, сокини ноҳияи Кӯшониён ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Данғара ба самти шаҳри Бохтар, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада ба автомашинаи тамғаи “Дэу-Сиело”, таҳти идораи Раҳимов Камол, соли таваллудаш 1954, сокини ноҳияи Данғара бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Дэу-Сиело” Раҳимов К. дар ҷойи ҳодиса ва ҳамсараш Ҳалимова Файзигул Саидалиевна, соли таваллудаш 1956, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.
Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Ҷураев Н. ва мусофирони дохили автомашинаи мазкур Амирхонов Домуллоҷон, соли таваллудаш 1978 ва Шарипова Ҷавҳарбӣ, соли таваллудаш 1958, сокинони ноҳияи Темурмалик ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
25-уми октябри соли 2024, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Шосаидзода Достон Мирзосамӣ, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Б.Ғафуров аз самти ноҳияи Б.Ғафуров ба самти ноҳияи Мастчоҳ бо суръати баланд ҳаракат карда, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, бо автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», таҳти идораи Раҳимов Раҳмат Абдуваҳобович, соли таваллудаш 1956, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Раҳимов Р. ва мусофирони автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс» Сафаров Давлатбек Муҳиддинович, соли таваллудаш 2001 ва Ҳасанзода Ҷума, соли таваллудаш 2004, сокинони ноҳияи Мастчоҳ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Шосаидзода Д. ва мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» Раҳимов Мақсуд Раҳматович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бастарӣ гардидаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.