Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардори Раёсат: Ҳамидзода Бароталӣ Партов – генерал-майори милитсия, санаи таваллудаш 16 ноябри соли 1967, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.
Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 12 декабри соли 1989.
Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст. Аз он ҷумла, нозири хадамоти роҳбонӣ-дидбонии ШБДА, нозири калони хадамоти роҳбонӣ-дидбонии ШБДА, командири шуъбачаи хадамоти роҳбонӣ-дидбонии ШБДА, командири взводи ШБДА, муовини командир оид ба техникаи ШБДА, сардори шуъбачаи назоратӣ-техникии ШБДА, командири баталиони алоҳидаи роҳбонӣ-дидбонии ШБДА, муовини сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини аввали сардори РВКД дар ш.Душанбе, сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Воҳиди махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарӣ ва амният дар самтҳои ҳаракати Сарвари давлат ва меҳмонони олиқадр, муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе.
Ҳамидзода Бароталӣ Партов 7 июни соли 2024 ба вазифаи сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида, адои вазифа намуда истодааст.
Мавсуф зимни фаъолияти хизматӣ барои хизмати содиқонаю софдилона ба Ватан, зоҳир намудани малакаю маҳорати баланди касбӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бо мукофотҳои давлатӣ «Ифтихорнома»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, медали «Ҷасорат» ва ордени «Спитамен», инчунин аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо як қатор Ифтихорномаю Сипосномаҳо ва медалу нишонҳои сарисинагӣ сарфароз гардонида шудааст.

 

03.07.2024 13:29
730