Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо муовини Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия

26-уми октябри соли 2024 вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо муовини Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерал-полковники политсия Храпов Андрей Иванович баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилии ҳарду кишвар дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, инчунин мубодилаи иттилоот, таҷриба ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
Дар хотимаи вохӯрӣ ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати густариши минбаъда ва таҳкими ҳамкории самарабахш изҳор намуданд.
Гул Маҳбуба, полковники милитсия
  

26.10.2024 18:23
201