Раёсати таъминоти моддӣ - техникӣ ва низомии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сардори Раёсат: Мирализода Абдуҷаббор Азизулло - полковники милитсия, 30 марти соли 1972 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии иқтисодӣ.
Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ аз моҳи октябри соли 1997.
Фаъолияти худро аз вазифаи ревизори шуъбачаи молиявӣ ва иқтисодии Қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб оғоз намуда, минбаъд ба ҳайси сардори шуъбачаи молиявӣ-иқтисодии Қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, муовини сардори Раёсати молиявӣ-иқтисодии Вазорати корҳои дохилӣ, муовини сардор - ӯ низ сардори шуъбаи назорати ревизионии Раёсати молиявӣ-иқтисодии Вазорати корҳои дохилӣ ва муовини сардор - ӯ низ сардори шуъбаи аудити дохилӣ ва назорати молиявии Раёсати молиявӣ-иқтисодии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Мирализода Абдуҷаббор Азизулло санаи 2-юми феврали соли 2023 ба вазифаи сардори Раёсати таъминоти моддӣ, техникӣ ва низомии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида, адои вазифа намуда истодааст.
Мавсуф аълочии милитсия ва корманди фахрии Вазорати корҳои дохилӣ буда, барои хизмати содиқона ва зоҳир намудани малакаю маҳорати касбӣ аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо як қатор медалу Сипосномаҳо мукофотонида шудааст.
Ҳамчунин, соли 2017 бо мукофоти давлатӣ - Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

















