Дастгир гардидани 3 ҷавон бо ҷурми ғоратгарӣ
Ба ШВКД дар шуҳри Бохтар бо ариза ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Вахш муроҷиат намудааст, ки 22-юми октябри соли 2024, тахминан соатҳои 13:00, ӯро 3 нафар шахси ношинос дар дохили Боғи фароғатии ба номи «Мурчаев», воқеъ дар шаҳри Бохтар мавриди лату кӯб қарор дода, аз дасташ як адад соати дастӣ, ки арзишаш 160-сомониро ташкил медиҳад, тассаруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонони 18, 20 ва 21-солаи сокинони ноҳияҳои Кӯшониёну Дӯстӣ ва шаҳри Бохтар, ки якеашон пеш бо қисми 2 моддаи 237 ва қисми 1 моддаи 328 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.