Дастгир гардидани ҷавони 21-сола бо ҷурми дуздӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 29-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 16-уми октябри соли 2024, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз онҷо як микдор ҷавоҳироти тиллоӣ ва нуқрагиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.