Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани марди 40-сола барои фаъолияти ғайриқонунии бонкӣ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ҷойи кораш роҳбари ҶДММ «Бинокор Иқбол»-и ноҳияи Мастчоҳ бо гумони фаъолияти ғайриқонунии бонкӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда, дар давоми ду сол аз 1-уми январи соли 2022 то 31-уми августи соли 2024, бидуни бақайдгирӣ ва надоштани иҷозатномаи махсуси Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти ғайриқонунии бонкӣ машғул шуда, аз маблағҳои интиқолдодааш 1%-и маблағҳои воридгардидаро, ки 4 чор миллион сомониро ташкил медиҳад, ҳамчун подошпулӣ гирифтааст.
Нисбати гумонбаршаванда, парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 263 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

22.10.2024 17:18
56