Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани дуздии гусфандҳои зотӣ 

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ки соли 2021 бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда, шаби 19 ба 20-уми октябри соли 2024, тахминан соати 01:00, бо мақсади дуздӣ, бо маслиҳати пешакӣ, бо ҳамроҳии рафиқонаш ҷавонони 24 ва 25-солаи сокинони ҳамин ноҳия ба назди бошишгоҳи нигоҳубини гусфандон, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров, ки ба марди 35-солаи сокини ноҳияи мазкур тааллуқ дорад, ҳозир шуда, ғайриқонунӣ вориди он ҷо гашта, пинҳонӣ 2 сар гусфандҳои зотии «афғонӣ»-ро, ки нархи ҳар якеи он 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 40 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршавандагон парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

22.10.2024 17:06
42