Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд
Сардори Раёсат: Пирзода Маҳмадсафар Қузратулло - генерал-майори милитсия, 17 майи соли 1968 таваллуд шудааст, оиладор соҳиби 5 фарзанд, миллаташ тоҷик. Соли 1992 Мактаби олии милитсияи ВКД ИҶШС дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россияро хатм намудааст.
Хизмат дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ аз моҳи августи соли 1988.
Давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Аз он ҷумла, ваколатдор ва ваколатдори калони оперативии бахши кофтукови ҷиноятии Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Советский (ҳозира ноҳияи Темурмалик), сардори шуъбачаи кофтукови ҷиноятии Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Балҷувон, муовини сардор оид ба корҳои оперативии Шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои Балҷувон ва Восеъ, сардори Шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои Носири Хусрав, Мастчоҳ, Деваштич, Конибодом ва Файзобод.
Пирзода Маҳмадсафар Қузратулло таҷрибаи тулонӣ дар вазифаҳои роҳбарикунанда дошта, бо назардошти малакаи касбӣ аз 7 июни соли 2024 дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд таъйин гардида, адои вазифа намуда истодааст.
Мавсуф аълочии милитсия буда, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои нишондодҳои назарраси хизматӣ ва зоҳир намудани малакаю маҳорати касбӣ бо як қатор медалу нишонҳои соҳавӣ, ба монанди «Барои хизмати шоён дар ВКД» - дараҷаҳои 1; 2; 3;, «Милитсияи Тоҷикистон», «Садоқат», «Барои саҳми арзанда дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ», “Корманди фахрии ВКД”, «Барои иштироки фаъолона дар амалиёти махсус» ва Ифтихорномаю Сипосномаҳо мукофотонида шудааст.















